Шеъри кӯдакона замони ифтор тақдим и шумо рӯзадорони азиз
شعر کودکانه زمان افطار تقدیم شما عزیران می شود. داده خداوند
نعمت بسیار
روزه گرفتم
رسیده افطار
خوردنی هایی
در سفره ماست
نان گرم و چای
چند دانه خرماست
نام خدارا
داریم بر لب
زیبا و ساده
افطار امشب.
خدایا به ما توفیق روزه داری بده و روزه مارا قبول کن
خدا نگهدار
4/9/2022 • 1 minute, 20 seconds
Табрики моҳи шарифи Рамазон тавассути заҳроҷон
ماه شریف رمضان مبارک
4/9/2022 • 2 minutes
Як оят се паём 4
Сураи Бақара ояти 186
4/5/2022 • 2 minutes, 40 seconds
Як оят се паём 3
Сураи Бақара ояти 185
4/4/2022 • 3 minutes, 6 seconds
Як оят се паём 2
Сураи Бақара ояти 184
4/4/2022 • 2 minutes, 54 seconds
Як оят се паём 1
Сураи Бақара ояти 183
4/4/2022 • 1 minute, 41 seconds
Ҳар рӯз ба дуъоҳои моҳи мубораки рамазон 01
هر روز با دعاهای ماه مبارک رمضان ۰۱
4/2/2022 • 2 minutes
Дарсҳои аз Қуръони карим барои навҷавонон
درس هایی از قرآن کریم برای نوجوانان
4/2/2022 • 9 minutes, 5 seconds
Ҷавоби сарватманд - جواب ثروتمند
Падари ӯ сарватманд аст ва ман писари дӯзандаи сода ҳастам.
3/29/2022 • 1 minute, 16 seconds
Хеле дилам гирифта- خیلی دلم گرفته
Аз ин ки бевафоям хеле дилам гирифта
3/29/2022 • 3 minutes, 50 seconds
Сураи Аҳзоб ояти 56 - سوره احزاب آیت ۵۶
وظیفه همه مومنان صلوات بر رسول خدا و آل ایشان است اللهم صل علی محمد وآل محمد
3/29/2022 • 1 minute, 30 seconds
Модари пир - مادر پیر
از آن به بعد اول مادرش را به مرکب سوار می کرد بعد خانواده خودرا
3/29/2022 • 3 minutes, 41 seconds
Имом Маҳдӣ аз фарзандони Фотима аст امام مهدی از فرزندان فاطمه است
عن ام سلمه، قالت: سمعت رسول الله صلي الله عليه )و آله( وسلم يقول: المهدي من عترتي، من ولد فاطمه»
Аз уммулмӯъминин ҳазрати Умми Салама нақл шудааст, ки гуфт: Аз Расули Худо (Дуруди Худо бар ӯ ва хонадонаш бод) шунидам, ки мегуфт: Маҳдӣ аз итрат (насл)-и ман аз фарзандони Фотима аст.
Сунани Абӯдовуд, Сунани Ибни Моҷа, Мӯъҷами Табаронӣ ва Мустадраки Ҳокими Нишопурӣ
3/19/2022 • 1 minute, 15 seconds
Имом Маҳдӣ охирин умеди башар امام مهدی آخرین امید بشر
Ба номи Худо
Худоё, бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад дуруд фирист!
Салом бачаҳо
Шеъри зебоеро ба шумо мунтазирони баҳор тақдим мекунам
Охирин Набӣ мегуфт
Нуктаҳои пинҳонро
Гуфт содау равшан
Сарнавишти инсонро
Аз наҷоти инсон гуфт
Аз наҷоти ин дунё
Аз вуҷуди марде, ки
Мерасад ба доди мо
Аз ҷаҳони оянда
Он чиро, ки омад гуфт
Байни ҷамъи ёронаш
Ҳазрати Муҳаммад гуфт:
Бар шумо мусулмонон
Мужда боду пирӯзӣ
Чун зуҳӯри Маҳдӣ ҳаст
Байни умматам рӯзе
Худоё, бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад дуруд фирист!
Саломи моро ба имом Маҳдӣ бирасон!
Худо нигаҳдор!
3/19/2022 • 1 minute, 40 seconds
Рафтанду рӯзи меравем
رفتند و روزی می رویم
3/18/2022 • 1 minute, 50 seconds
Як соли умри мо гузашт
یک سال عمر ما گذشت
3/18/2022 • 2 minutes, 8 seconds
Гузашта солу соатҳо, пушаймонам Аллоҳ
گذشته سال و ساعت ها پشیمانم الله
3/18/2022 • 2 minutes, 20 seconds
Ашки ятим
اشک یتیم
3/18/2022 • 2 minutes, 23 seconds
Фироқи имом Маҳдӣ- шеъри зебо аз шайх Саъдӣ - در آن نفس که بمیرم در آرزوی تو باشم
Дар он нафас, ки бимирам, дар орзуӣ ту бошам
Бадон умед диҳам ҷон, ки хоки кӯи ту бошам
Ба вақти сӯбҳи қиёмат, ки сар зи хок барорам
Ба гуфтугӯи ту хезам, ба ҷустуҷӯи ту бошам
Ба маҷмае, ки дароянд шоҳидони ду олам
Назар ба сӯи ту дорам, ғулом рӯи ту бошам
Ба хобгоҳи адам гар ҳазор сол бихусбам
Зи хоб оқибат огаҳ ба бӯи мӯи ту бошам
Ҳадиси равза нагӯям гули биҳишт набӯям
Ҷамоли ҳур наҷӯям, давон ба сӯи ту бошам
Майи биҳиштӣ нанӯшам зи дасти соқии ризвон
Маро ба бода чӣ ҳоҷат, ки масти рӯи ту бошам
Ҳазор бодия саҳл аст бо вуҷуди ту рафтан
В-агар хилоф кунам Саъдиё, ба сӯи ту бошам
3/18/2022 • 3 minutes, 3 seconds
Шеъри зебо дар фироқи имом Маҳдӣ - Сӯбҳи бе ту
شعر زیبا در فراق امام مهدی
Шеъри зебо дар фироқи имом Маҳдӣ - Сӯбҳи бе ту
Салом бар имом Маҳдӣ, ки бо омаданаш ҷаҳонро пур аз адлу дод хоҳад кард.
Сӯбҳи бе ту, ранги баъд аз зуҳри як одина дорад
Бе ту ҳатто меҳрубонӣ ҳолате аз кина дорад
Бе ту мегӯянд: Таътил аст кори ишқбозӣ
Ишқ, аммо кай хабар аз шанбеву одина дорад
Ҷуғд бар вайрона мехонад ба инкори ту аммо
Хоки ин вайронаҳо, бӯе аз он ганҷина дорад
Хостам аз ранҷиши дурӣ бигӯям, ёдам омад
Ишқ бо озор хешовандии дерина дорад
Рӯи онам нест то дар орзу дасте барорам
Эй хуш он дасте, ки ранги обрӯ аз пина дорад
Дар ҳавои ишқи ту пар мезанад бо беқарорӣ
Он кабутар чоҳии захме, ки ӯ дар сина дорад
Ногаҳон қуфли бузурги тирагиро мекушояд
Он ки дар дасташ калиди шаҳри пур оина дорад
Қайсари Аминпӯр
3/18/2022 • 2 minutes, 14 seconds
Мулло Насриддин ва эътирози марди тавбакор - ملا نصرالدین و مرد توبه کار
Ба номи Худо
Салом
Бо барномаи "Достони омӯзанда" дар хизмати шумоем
Ин қисмат: Эътирози марди тавбакор!
Баъд аз намоз мулло Насриддин дар баландгӯ гуфт: Ой мардум, ҳамаатон хуб гӯш кунед!
Мехоҳам имрӯз касеро ба шумо шинос кунам, ки дар гузашта дузду шаробхор ва нашъаманду хеле гунаҳкор буда, вале бо ин ҳол Худо ӯро ҳидоят карда ва ба ӯ тавфиқи тавба дода ва ҳоло ӯ ҳама чизро канор гузоштааст.
Баъд гуфт: Биё Мансурҷон, баландгӯро бигиру худат барои мардум бигӯ, ки чигуна тавба кардӣ!
Мансур омаду баландгӯро гирифт ва гуфт:
Мардум, ман як умр дуздӣ кардам, гуноҳ кардам ва моли ҳаром хӯрдам, вале Худо обрӯямро набурд!
Аммо аз вақте тавба кардам ва ин мулло хабардор шуда дар ҳеҷ куҷо барои ман обрӯ нагузоштааст!
Бародару хоҳари гиромӣ, вақте ба умур ва аҳкоми дин огоҳии комил надорем, мардумро динзада накунем!
Ҳифзи обрӯи мӯъмин яке аз бузургтарин тавсияҳои Ислом аст, ки ҳамаи мо вазифа дорем ба он амал кунем.
3/17/2022 • 1 minute, 30 seconds
Дар орзуи дидори имом Маҳдӣ - در آرزوی دیدار امام مهدی
Шеъри зебои шайх Саъдӣ бо садои Муродбек Насриддин Дар он нафас, ки бимирам, дар орзуӣ ту бошам
Бадон умед диҳам ҷон, ки хоки кӯи ту бошам
Ба вақти сӯбҳи қиёмат, ки сар зи хок барорам
Ба гуфтугӯи ту хезам, ба ҷустуҷӯи ту бошам
Ба маҷмае, ки дароянд шоҳидони ду олам
Назар ба сӯи ту дорам, ғулом рӯи ту бошам
Ба хобгоҳи адам гар ҳазор сол бихусбам
Зи хоб оқибат огаҳ ба бӯи мӯи ту бошам
Ҳадиси равза нагӯям гули биҳишт набӯям
Ҷамоли ҳур наҷӯям, давон ба сӯи ту бошам
Майи биҳиштӣ нанӯшам зи дасти соқии ризвон
Маро ба бода чӣ ҳоҷат, ки масти рӯи ту бошам
Ҳазор бодия саҳл аст бо вуҷуди ту рафтан
В-агар хилоф кунам Саъдиё, ба сӯи ту бошам
3/17/2022 • 4 minutes, 58 seconds
Салом ман бар имом Маҳдӣ, ки ҷаҳонро пур аз адлу дод хоҳад кард - سلام من بر امام مهدی
Саломи ман ба Маҳдиву ба қалби осмонияш
Саломи ман ба покиву ба лутфу меҳрубонияш
Саломи ман ба лаҳзае, ки мерасад зуҳӯри ӯ
Саломи ман ба лаҳзае, ки мерасам ҳузури ӯ
Саломи ман ба бӯсае, ки мерасад ба дасти ӯ
Саломи ман ба ҳазрате, ки дода меҳру обрӯ
Саломи ман ба ҷони ӯ саломи ман ба ҷисми ӯ
Саломи ман ба он ки медиҳад умед исми ӯ
سلام من به مهدی و به قلب آسمانی ش
سلام من به پاکی و به لطف و مهربانیش
سلام من به لحظه ای که می رسد ظهور او
سلام من به لحظه ای که می رسم حضور او
سلام من به بوس های که می رسد به دست او
سلام من به حضرتی که داده مهر و آبرو
سلام من به جان او سلام من به جسم او
سلام من به آن که می دهد امید اسم او
درس هایی از قرآن کریم برای نوجوانان (جزء سی) - سوره انشقاق
3/16/2022 • 8 minutes, 25 seconds
Неъматҳоро қадр донем - نعمت هارا قدر دانیم
خدایا مارا قدردان نعمت هایت قرار ده
3/16/2022 • 1 minute, 30 seconds
Шеъри зебои кӯдакона - Поёни умри интизор شعر زیبای کودکانه - پایان عمر انتظار
Поёни умри интизор
Бо дасте аз шукӯфа
Дар интизор ҳастам
Рӯзе, ки ӯ бияёд
Гӯӣ баҳор ҳастам
Бо дасте аз шукӯфа
Аз роҳ хоҳад омад
Дар лаҳзае пур аз гул
Ногоҳ хоҳад омад
Хуршед шояд он рӯз
Аз ғарб сар барорад
Бар оламу бар одам
Гармиву нур орад
Буи гулу ҳаворо
Он рӯз метавон дид
Он рӯз метавон боз
Бо ҷӯйбор хандид
Парвонаҳо дар он рӯз
Хоҳанд хонд овоз
Лабҳои ғунча он рӯз
Бо хандаи мешавад боз
Он рӯз охирин рӯз
Аз умри интизор аст
Поёни фасли сармо
Оғози навбаҳор аст به نام خدا
خدایا بر محمد و آل محمد درود فرست
سلام بچه ها
شعر پایان انتظار را به شما منتظران بهار تقدیم می کنم
با دستی از شکوفه
در انتظار هستم
روزی که او بیاید
گویی بهار هستم
با دستی از شکوفه
از راه خواهد آمد
در لحظه ای پر از گل
ناگاه خواهد آمد
خورشید شاید آن روز
از غرب سر برارد
بر عالم و بر آدم
گرمی و نور آرد
بوی گل و هوا را
آن روز می توان دید
آن روز می توان باز
با جویبار خندید
پروانه ها در آن روز
خواهند خواند آواز
لبهای غنچه آن روز
با خنده میشود باز
آن روز آخرین روز
از عمر انتظار است
پایان فصل سرما
آغاز نوبهار است
3/16/2022 • 2 minutes, 34 seconds
Салом бар имом Маҳдӣ - سلام بر امام مهدی
Монанди хуршед
Дар пушти абрӣ
Ҳам бошаҳомат
Ҳам кӯҳи сабрӣ
Ҳам поку зебо
Ҳам меҳрубонӣ
Ту раҳбари мо
Дар ин замонӣ
Ҳар рӯзу ҳар шаб
Дар ёди моӣ
Ту бо муҳаббат
Бинмо дуоӣ
Ман чеҳраатро
Медидам, эй кош
Дар зеҳну қалбам
Ҳамроҳи ман бош مانند خورشید
در پشت ابری
هم باشهامت
هم کوه صبری
هم پاک و زیبا
هم مهربانی
تو رهبر ما
در این زمانی
هر روز و هر شب
در یاد مایی
تو با محبت
بنما دعایی
من چهره ات را
میدیدم ای کاش
در ذهن و قلبم
همراه من باش
3/14/2022 • 1 minute, 49 seconds
Зи ту хуршед кай хоҳам чароғи манзилам кофист
ز تو خورشید کی خواهم چراغ منزلم کافیست
3/12/2022 • 2 minutes, 39 seconds
Баракати ростгӯӣ - برکت راستگویی
Дурӯғ нагӯй!
3/11/2022 • 2 minutes, 7 seconds
Ронандаи аҷиб- راننده عجیب
Мусофири таксӣ оҳиста рӯи шонаи ронанда даст гузошт, то аз ӯ нархи кирояро пурсад.
Ронанда фарёд кашид ва идораи мошинро аз даст дод. Мошин қариб буд ба автобус бизанад, аз бетончаи канори роҳи хиёбон боло рафт ва ҳар лаҳза мумкин буд чаппа шавад, аммо ронанда ба зӯр канори мағозае дар пиёдарав мошинро нигаҳ дошт.
Барои чанд сония ҳеҷ сухане байни ронанда ва мусофир ба миён наёмад, то ин ки ронанда рӯ ба мусофир карду ваҳшатзада гуфт:
- Ҳей мард, дигар ҳеҷ вақт ин корро такрор накун! Маро хеле сахт тарсондӣ ва наздик буд маро ва худатро бикушӣ!
Мусофир узрхоҳӣ карду гуфт:
- Ман намедонистам, ки як даст гузоштан рӯи шонаат ин қадар туро метарсонад ва осеб мерасонад!
Ронанда идома дод: Бибахшед, шумо ҳеҷ гуноҳе надоред! Имрӯз аввалин рӯзест, ки ба унвони ронандаи таксӣ ба кор баромадаам. Охир ман 25 сол ронандаи мошини мурдакашӣ будам.
Гоҳе ончунон ба такрорҳои зиндагӣ одат мекунем, ки фаромӯш мекунем ба гунаи
дигар ҳам метавон буд ва вазъият фарқ мекунад.
3/11/2022 • 2 minutes
Қироати сураи Анъом саҳ 139
تلاوت قرآن کریم سوره انعام صفحه ی ۱۳۹
3/9/2022 • 2 minutes, 51 seconds
Дӯстону душманони худро ме шиносед? دوستان و دشمنان خودرا می شناسید؟
Имом Алӣ ибни Абитолиб (к) фармуд:
أصدِقاؤكَ ثَلاثَةٌ و أعداؤكَ ثَلاثَةٌ؛
فأصدِقاؤكَ: صَديقُكَ و صَديقُ صَديقِكَ و عَدُوُّ عَدُوِّكَ
و أعداؤكَ: عَدُوّكَ و عَدُوُّ صَديقِكَ و صَديقُ عَدُوِّكَ
Дӯстони ту се гурӯҳ ва душманонат ҳам се гурӯҳанд:
пас дӯстони ту инҳоянд: дӯсти ту ва дӯсти дӯсти ту ва душмани душмани ту
ва душманони ту инҳоянд: душмани ту ва душмани дӯсти ту ва дӯсти душмани ту.
Наҳҷулбалоға, ҳикмати 295
Бо душмани ман чу дӯст бисёр нишаст
Бо дӯст набоядам дигар бор нишаст
Парҳез аз он шакар, ки бо заҳр омехт
Бигрез аз он магас, ки бо мор нишаст
3/7/2022 • 2 minutes, 5 seconds
Дар васфи имом Ҳусейн در وصف امام حسین
Дӯст дорам ...
Салому дуруди Худо бар имом Ҳусейн ибни Алӣ ва шаҳидону асирон Карбало ва дӯстдорони онон бод!
Дӯст дорам то ту дар худ маҳву ҳайронам кунӣ
Қатраам восил ба дарёи хурушонам кунӣ
Дӯст дорам зарра бошам, то ки дар амвоҷи нур
Дар бағал гириву хуршеди фурӯзонам кунӣ
Дӯст дорам пой то сар қитъаи абре шавам
То ба хоки лолаҳои хеш боронам кунӣ
Дӯст дорам то дами рафтан бигирям дар ғамат
К-аз каромат хандае бар чашми гирёнам кунӣ
Дӯст дорам гирди Аббосат бигардонӣ маро
Ё ки ҳамчун турраи Акбар парешонам кунӣ
Дӯст дорам то шавад қалбам чу ҷисмат чок-чок
Дар канори қатлгоҳи хеш меҳмонам кунӣ
Дӯст дорам то бо ёди ташнагиҳои лабат
Сӯзиву обам кунӣ, якбора тӯфонам кунӣ
Дӯст дорам то вуҷуди чун биёбони маро
Бо дами ҳамчун Масеҳо боғу бустонам кунӣ
Дӯст дорам дар Минои ишқ ҳамчун гӯсфанд
Баҳри ризвони Худо омода, қурбонам кунӣ
Дӯст дорам булбули кӯи ту бошам, эй Ҳусейн
Бо иноят баҳри ишқи Ҳақ санохонам кунӣ
3/7/2022 • 4 minutes, 40 seconds
Табрики мелоди имом Ҳусейн تبریک میلاد امام حسین
Севуми Шаъбон солрӯзи мелоди босаодати имом Ҳусейн бар ҳамаи мусулмонон ва озодагони ҷаҳон муборак бод
3/6/2022 • 2 minutes, 14 seconds
Моҳи шарифи Шаъбон муборак ماه شریف شعبان مبارک
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Худоё, бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад дуруд фирист!
Саломун алайкум ва раҳматуллоҳ
Фаро расидани моҳи шарифи Шаъбонро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон ба хусус мардуми шарифи Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон табрик мегӯем!
Моҳи шарифи Шаъбон моҳи ибодату итоат, намозу рӯза, истиғфору салавот ва зикру дуо ва шабзиндадорӣ ва пур аз хайру баракат аст.
Бандагони шоистаи Худованд аз моҳи Раҷаб ва Шаъбон худро омодаи баҳрамандии бештар аз зиёфати Илоҳӣ дар моҳи шарифи Рамазон мекарданд.
Барои ҳамаи мусулмонон ба хусус мардуми шарифи Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон дар ин моҳ тавфиқи бандагӣ, тарки гуноҳ, баҳрамандӣ аз раҳмату мағфирати Худованд ва саломату саодати дунё ва охират ва ҳусни оқибат аз даргоҳи Парвардигор талаб мекунем.
Худоё, ҳоҷатҳои хайри бандагони мӯъмину мусулмон ва мазлуматро баровар ва хайри дунё ва охират насибамон кун!
Илтимоси дуо
Худо нигаҳдоратон бод!
3/4/2022 • 3 minutes
Қироати сураи Анъом с138
قرائت سوره انعام صفحه ی ۱۳۸
3/2/2022 • 3 minutes, 2 seconds
Аз осиёб биёмӯзед از آسیاب بیاموزید
Ингуна бошед!
3/2/2022 • 1 minute, 41 seconds
Худоё, эй фарёдраси бандагон خدایا به فریاد بندگان برس
پروردگارا شر اشرار به خودشان برگردان
3/2/2022 • 4 minutes, 27 seconds
Иди мабъас муборак مبارک باد مبعث
مبارک باد
3/1/2022 • 1 minute, 55 seconds
Иди мабъас муборак عید مبعث مبارک
Муборак бод
3/1/2022 • 1 minute, 21 seconds
Пайғамбари мо аз ҷониби Ҳақ шуд раҳбари мо رهبر ما
Шеъри зебои кӯдакона дар бораи мабъаси Расули Худо с
3/1/2022 • 1 minute, 21 seconds
Иди мабъас муборак عید مبعث مبارک
27 Раҷаб солрӯзи мабъаси Расули Худо с бар ҳамаи мусулмонон муборак бод
Ба номи Худо
Худоё, бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад дуруд фирист!
Дар фазилати Хадиҷаи Кубро (рз) ҳамсари вафодору фидокори Расули Худо (с)
Дунё агарчӣ мисли Паямбар надошта
Гуфто Набӣ мисоли ту ҳамсар надошта
Додӣ тамоми сарвати худро ба роҳи Ҳақ
Дини Худо ба мисли ту ёвар надошта
Имони ӯ саромади имону он замон
Ҳамроҳ ғайри Аҳмаду Ҳайдар надошта
Ҷуз роҳи растагориву ҳамроҳии Расул
То охирин нафас ғами дигар надошта
Вақте вуҷуди поки ту шуд маҳди Фотима
Яъне касе шабеҳи ту модар надошта
Аз ту насиб кард Худо Оли Мустафо
Ҷуз ту касе чу неъмати Кавсар надошта
Имони ӯ садоқату таслими Кирдигор
Ҷуз сабру шукр дар раҳи довар надошта
Ризвони Ҳақ ба ҳамсари шоистаи Расул
Дар ҳамсариву фазл баробар надошта
2/21/2022 • 2 minutes, 45 seconds
Дар фазилати ҳазрати Зайнаб духтари ҳазрати Алӣ
در فضیلت حضرت زینب دختر حضرت علی
2/17/2022 • 4 minutes, 18 seconds
Да р азамати духтари ҳазрати Алӣ паёмовари Карбало ҳазрати Зайнаби Кубро در عظمت حضرت زینب کبری
Солрӯзи вафоти ҷонсӯзи паёмовари Карбало ва парчамдори қиёми Ошӯро ва эҳёгари аҳдофу ормонҳои имом Ҳусейн сайидушшуҳадо ҳазрати Зайнаби Куброро ба ҳамаи мусулмонон ва ошиқони хонадони Расули Акрам таслият мегӯем. Дуруду саломи Худованд бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад бод!
Сабрро маънову мафҳуме ба номи Зайнаб аст
Эҳтироми ишқ ҳам аз эҳтироми Зайнаб аст
Доварӣ бингар, ки дар бедодгоҳи шаҳри Шом
Бо Ҳусайн ҳамдаст гаштан иттиҳоми Зайнаб аст
Муштро карда гиреҳ дар лаҳзаи ҳассос гуфт:
Ин Ҳусейн, фармондеҳи олам, имоми Зайнаб аст
Гуфт душман, гаштаед мағлуб бо хости Худо
"Ҷуз ҷамоли Ҳақ надидам", ин каломи Зайнаб аст
Нест нобудӣ барои ҳақ, барои аҳли ҳақ
Зикри хайру растагориҳо давоми Зайнаб аст
Бешараф бо Хайзарон мезад ба лабҳои Ҳусайн
Мастӣ пирӯзӣ ба фикри интиқоми Зайнаб аст
Гарчӣ душман хешро пирӯзи майдон хонда буд
То қиёмат нусрату раҳмат ба коми Зайнаб аст
Дар раҳи Ҳақ то дами охир бимонед пойдор
Бо шаҳодат, бо асорат, ин паёми Зайнаб аст
Бо ҷиҳоди хеш кардан доимо бо иқтидор
Фошу расвои риёкорон мароми Зайнаб аст
Дар раҳи Қуръону Ислом ҷонфишонӣ иззат аст
Шӯҳрати хуни Ҳусейнӣ бо қиёми Зайнаб аст
Сабр ҳам шармандаи мардонагияш гаштааст
Шукр бар лаб аз ризои Ҳақ мақоми Зайнаб аст
Медиҳам бо ифтихор имрӯз бар Зайнаб салом
Неъмати нуру ҳидоят аз саломи Зайнаб аст
2/17/2022 • 7 minutes, 26 seconds
Ҳаққи падар бар фарзанд - حق پدر بر فرزند
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Худоё, бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад дуруд фирист!
Ҳаққи падар бар фарзанд
Имом Зайнулобидин Алӣ ибни Ҳусейн (рз) дар "Рисолаи ҳуқуқ" дар бораи ҳаққи падар бар фарзанд мефармояд:
وَ أَمَّا حَقُّ أَبِيكَ فَتَعْلَمُ أَنَّهُ أَصْلُكَ وَ أَنَّكَ فَرْعُهُ وَ أَنَّكَ لَوْلَاهُ لَمْ تَكُنْ فَمَهْمَا رَأَيْتَ فِي نَفْسِكَ مِمَّا يُعْجِبُكَ فَاعْلَمْ أَنَّ أَبَاكَ أَصْلُ النِّعْمَةِ عَلَيْكَ فِيهِ وَ احْمَدِ اللَّهَ وَ اشْكُرْهُ عَلَى قَدْرِ ذَلِكَ وَ لا قُوَّةَ إِلَّا بِاللَّهِ
Ва аммо ҳаққи падарат, ин аст ки
бидонӣ ӯ аслу решаи ту аст ва ту шохаи ӯ ҳастӣ
ва бидонӣ, ки агар ӯ набуд ту ҳам набудӣ
Пас ҳар гоҳ дар худ чизе дидӣ, ки аз он хушат омад, бидон, ки дар ҳақиқат падарат асли он неъмате аст, ки ту дорӣ.
Ва Худоро ба хотири ин неъмат ҳамду ситоиш кун ва Худоро ба ҳамон андоза шукр бигӯ
Ва нест қуввату тавоне барои адои ҳамду шукри Худо ва адои ҳаққи падар ҷуз ба қуввату тавони Худо.
2/15/2022 • 2 minutes, 47 seconds
Муборак бод, солрӯзи мелоди босаодати имом Алӣ ва рӯзи падар
Ба номи Худо
Худоё, бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад дуруд фирист!
Сездаҳуми моҳи Раҷаб солрӯзи мелоди имом Алӣ (Саломи Худо бар ӯ бод) ва рӯзи падар бар ҳамаи мусулмонон ва падарони азиз муборак бод!
2/15/2022 • 47 seconds
Эй падар, эй бо дили ман ҳамнишин
ای پدر ای با دل من همنشین
2/15/2022 • 3 minutes, 3 seconds
Сухани писар бо падараш سخنان پسر با پدر
Падарам, аввали сӯбҳ аст, сарам дод назан!
2/15/2022 • 2 minutes, 48 seconds
Дарди дили фарзанди тоҷик бо падари ғарибу муҳоҷираш
درد دل فرزند تاجیک در فراق پدر غريب و مهاجرش
2/14/2022 • 2 minutes, 17 seconds
12 сухани гуҳарбори имом Ҷавод (рз) سخنان گهربار امام جواد
Имом Ҷавод (рҳ) фармуд:
اَلمُؤمِنُ یَحتاجُ إلی ثَلاثِ خِصالٍ: تَوفیقٍ مِنَ اللهِ وَ واعِظٍ مِن نَفسِهِ وَ قَبُولٍ مِمَّن یَنصَحُهُ
Мӯъмин ба се хислат ниёз дорад: тавфиқе аз тарафи Худо ва панддиҳандае аз дарунаш ва қабули насиҳат аз касе, ки ӯро насиҳат мекунад.
Туҳафулуқул, саҳ 457
ای مادر من، دولت من! سرود زیبا از مرحوم جمشید اسماعیل
1/22/2022 • 5 minutes, 42 seconds
Заҳрои Кавсар омад زهرای کوثر آمد
شعر زیبای کودکانه در وصف حضرت زهرا шеъри зебои кӯдакона дар васфи ҳазрати Фотимаи Заҳро Заҳрои Кавсар омад
Хандону шоду хушрӯ
Бо домани пур аз гул
Бо ғунчаҳои хушбӯ
Рӯи сараш ситора
Як тоҷи осмонӣ
Бар чеҳраи қашангаш
Лабханди меҳрубонӣ
Падари хуби Заҳро
Бӯсид чеҳраашро
Ӯ бо фариштаҳо гуфт
Шукри Худои доно
1/22/2022 • 1 minute, 25 seconds
Дар бораи Расули Худо с бештар бидонем
در باره رسول خدا صلی الله علیه و آله بیشتر بدانیم
1/21/2022 • 1 minute, 50 seconds
Шеъри зебои кӯдакона дар васфи оила
یک خانه داریم مانند گلدان Як хона дорем
Монанди гулдон
Гулҳои хона
Падар модарҷон
Ман дӯст дорам
Парвона бошам
Фарзанди хуби
Ин хона бошам
Доим бигардам
Ин ҷову он ҷо
Гирди сари ин
Гулҳои зебо
1/19/2022 • 1 minute
Боғи шаҳидон باغ شهیدان
Дуруду саломи Худованд бар шаҳидону муҷоҳидон бод! Боғи шаҳидон
Дар шаҳри мо боғест
Боғи саросар гул
Боғи пур аз лола
Боғи пур аз сунбул
Боғе, ки дар сина
Сад каҳкашон дорд
Як осмон дар худ
Рангинкамон дорад
Ин боғ пайваста
Боғест атромез
Боғе, ки дар ҳар фасл
Сабз асту дилангез
Дар чаҳор фасли сол
Ин боғ хандон аст
Ин боғи сурху сабз
Боғи шаҳидон аст
Б. Маликӣ
1/19/2022 • 1 minute
Дари боғи шаҳодат боз аст
در باغ شهادت باز است Дар фироқи сардори шаҳид Қосим Сулаймонӣ در فراق سردار شهید سلیمانی
1/19/2022 • 2 minutes, 14 seconds
Ҳоҷ Қосими қаҳрамон Сардору марди майдон
حاج قاسم قهرمان سردار و مرد میدان
1/19/2022 • 1 minute, 53 seconds
Қосими Сулаймонӣ Гашта ту осмонӣ
قاسم سلیمانی گشتی تو آسمانی
1/19/2022 • 2 minutes
Дар фироқи сардори шаҳид Қосим Сулаймонӣ
Ҷуз радди қадамҳои ту ин ҷо асаре нест
Ин қулла, ки ҷавлонгаҳи ҳар раҳгузаре нест
Як лаҳза дар ин маърака аз по нанишастӣ
Гуфтӣ сафари ишқ ба ҷуз дарбадарӣ нест
Як умр шаҳидона сафар кардану рафтан
Ҳамқофила бо ишқу ҷунун, кам ҳунаре нест
Дунболи шаҳодат ҳамаи умр давидӣ
Гуфтӣ, ки дар ин олами хокӣ хабаре нест
Он қадр сабукбор сафар кардӣ аз ин хок
Он қадр ки бар пайкари поки ту саре нест
Ту куштаи ин ишқ, на ту зиндаи ишқӣ
Бар турбати ту ҷои ғаму навҳагарӣ нест
Бояд ки ба ҳоли дили худ навҳа бихонам:
Саҳми мани ҷо монда ба ҷуз хунҷигарӣ нест
Аз худ нагузаштам, ки ба ёрон нарасидам
Ҷуз хеш дар ин байн ҳиҷоби дигаре нест
Гуфтанд, ки боз аст дари боғи шаҳодат . . .
Бархез, ба ҷуз ашк рафиқи сафаре нест
Имшаб шаби қадр аст, агар қадар бидонӣ
Бархез, муборактар аз имшаб саҳаре нест
Юсуф Раҳимӣ
1/18/2022 • 5 minutes, 40 seconds
Дар фироқи сардори шаҳид Қосим Сулаймонӣ - در فراق سردار شهید قاسم سلیمانی
سلام و درود خداوند بر شهیدان اسلام به خصوص سردار شهید قاسم سلیمانی
Биёед Қуръон бихонем. Ин бор қироати сураи Зилзолро бо ҳам бихонем. Хондани Қуръон баракат меорад ва фаҳмидану амал кардан ба он боиси саодат мешавад.
1/7/2022 • 56 seconds
Тақво чист? Ҷавоби ҳазрати Содиқ чӣ буд?
تقوا چیست؟ حضرت صادق ره چه پاسخی داد؟
1/6/2022 • 1 minute, 32 seconds
Аз ин беҳтар намешавад! Достонҳои омӯзанда
از این بهتر نمی شود. داستان آموزنده.
1/6/2022 • 1 minute, 22 seconds
Қироати сураи Нисо саҳ 96
قرائت سوره نساء صفحه ی ۹۶
1/6/2022 • 2 minutes, 32 seconds
Эй зиндаи ҳамешаи таърих, эй шаҳид!
ای زنده همیشه تاریخ ای شهید Шеъри зебо дар бораи шаҳид
1/6/2022 • 2 minutes, 35 seconds
Шеъри кӯдакона дар васфи сардори шаҳид
شعر کودکانه در وصف سردار شهید
1/6/2022 • 3 minutes, 6 seconds
қироати сураи Анъом саҳ 135
قرائت سوره ای انعام صفحه ای ۱۳۵
1/6/2022 • 3 minutes, 14 seconds
Дар васфи сардори шаҳид Қосим Сулаймонӣ
در وصف سردار شهید قاسم سلیمانی
1/1/2022 • 2 minutes, 28 seconds
Қироати сураи Аҳзоб ояти 56 қорӣ Муҳаммад Ризо
قرائت سوره احزاب آیه ۵۶ صلوات قاری محمد رضا خدایا بر محمد و آل محمد درود فرست
12/31/2021 • 1 minute
Дарсҳое аз Қуръони Карим барои навҷавонон- сураи Таквир
درسهایی از قرآن برای نوجوانان - سوره تکویر قاری محمدرضا Қорӣ Муҳаммад Ризо
12/31/2021 • 11 minutes, 18 seconds
Қироати сураи Ҷумъа бо садои Муҳаммад Амин
قرائت سوره جمعه با صدای محمد امین
12/31/2021 • 3 minutes, 51 seconds
Як соли умри мо гузашт یک سال عمر ما گذشت
Аз мо ризову норизо як соли умри мо гузашт.
Ҳам бобаҳо ҳам бебаҳо як соли умри мо гузашт.
Гармову сардияш чӣ шуд андуҳу шодиаш чӣ буд?
Шуд ину онаш ҳам фано як соли умри мо гузашт
Ранҷондаву ранҷидаем ҳам хубу бадро дидаем.
Ранҷидаҳо ранҷондаҳо як соли умри мо гузашт.
Бас тоқҳо, ки ҷуфт шуд, бас ҷуфтҳо, ки тоқ шуд.
Ҳам бовафо ё бевафо як соли умри мо гузашт.
Дар ҷодаҳои зиндагӣ, шармандагӣ ё бандагӣ.
Бо ошно бе ошно як соли умри мо гузашт.
Шуконаи неъмат намуд парҳез аз зулмат намуд
Гаҳ бо хато ё бе хато як соли умри мо гузашт.
Аз рӯз бояд сол кард аз сол ҳам иқбол кард.
Умри шумоёнро бақо як соли умри мо гузашт
Дорам умеди бекарон аз ин Худои меҳрубон
Поёни мо неку намо як соли умри мо гузашт
اذان پیام خداوند است برای دعوت مهمانی шеъри зебои кӯдакона дар бораи азон ва намоз
12/12/2021 • 1 minute, 11 seconds
Хадиҷа кӯҳи муҳаббат, Хадиҷа ошиқ буд
خدیجه کوه محبت خدیجه عاشق بود
12/10/2021 • 2 minutes, 57 seconds
Мелоди ҳазрати Зайнаб духтари ҳазрати Алӣ (к)
میلاد حضرت زینب دختر حضرت علی
12/10/2021 • 1 minute, 56 seconds
Сафедҷомагон - тақдим ба парасторони гиромӣ
سفیدجامگان - تقدیم به پرستاران عزیز
12/10/2021 • 2 minutes, 13 seconds
Шеъри зебои кӯдакона дар бораи "Парастор"
Солрӯзи таваллуди Зайнаб духтари ҳазрати Алии Муртазо ва Фотимаи Заҳро - Дуруди Худо бар онон бод- ва рӯзи парастор ин фариштаи фидокору вафодор бар ҳама муборак бод! شعر کودکانه زیبا با موضوع پرستار
12/10/2021 • 1 minute, 56 seconds
Роҳи комил шудани амали писандида
راه کامل شدن عمل پسندیده ҳадиси шариф
12/9/2021 • 1 minute
Дар хидмати модар бош- در خدمت مادر باش
Достони омӯзанда
12/4/2021 • 1 minute, 17 seconds
Субҳ субҳ аст Аллоҳу акбар
Шеъри зебои кӯдаконаи намоз
12/3/2021 • 1 minute, 7 seconds
Баъди намози Ҷумъа чӣ кор кунем?
بعد از نماز جمعه چه کار کنیم؟ آشنایی با پیام های آیه ده سوره جمعه
12/3/2021 • 9 minutes, 7 seconds
Суруди зебои кӯдаконаи намоз
سرود زیبای کودکانه نماز
12/2/2021 • 1 minute, 7 seconds
Модар фаришта буд - шеъри устод Озари Салим
مادر فرشته بود فقط بار و پر نداشت - شعر استاد آذر سلیم
12/1/2021 • 3 minutes, 32 seconds
Панҷ супориши арзишманд - ҳикмати 82
Ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб (к) پنج سفارش ارزشمند حکمت ۸۲ حضرت علی بن ابی طالب کرم الله وجهه
12/1/2021 • 1 minute, 40 seconds
Дар фазилати қаноат - Гулистони Саъдӣ
در فضیلت قناعت - گلستان سعدی
11/29/2021 • 1 minute, 17 seconds
Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) аз насли кадом Паёмбар аст?
حضرت محمد مصطفی ص از نسل کدام پیامبر است؟
11/29/2021 • 45 seconds
Қироати сураи Фалақ قرائت سوره فلق
Бо ҳам бихонем Қуръон. Қорӣ навниҳол боғи Қуръон Муҳаммад Маҳдӣ
11/26/2021 • 25 seconds
Гандумфурӯши фиребкор گندم فروش فریبکار
رسول خدا ص فرمود: هر کس مسلمانی را فریب دهد از ما نیست
Якуми Зилҳиҷҷа солрӯзи пайванди фархундаи ҳазрати Алии Муртазо ва Фотимаи Заҳро (Дуруди Худо бар онон бод) бар ҳамаи мусулмонон муборак бод! اول ذی الحجه سالروز پیوند فرخنده حضرت علی مرتضی و فاطمه زهرا (درود خدا بر آنان باد) بر همه مسلمانان مبارک باد
7/17/2021 • 3 minutes, 10 seconds
Қироати сураи Оли Имрон саҳ 52
قرائت سوره آل عمران ص ۵۲ قرآن کریم
7/16/2021 • 3 minutes, 19 seconds
Калимаҳои ошно ва нави дар ин аввали мафоҳими Қуръони Карим
Калимаҳои ошно ва нави дар ин аввали мафоҳими Қуръони Карим бо садои Фотимаҷон کلمه های آشنا و جدید درس اول مفاهیم قرآن کریم با صدای فاطمه جان